Сӯиқасди навбатӣ ба ҷони Ашраф Ғанӣ: таркиш назди дафтари раисҷумҳур рух дод

© REUTERS \ OMAR SOBHANIПолицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября
Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асари таркиши бомб назди дафтари кории раисҷумҳури ин кишвар ашраф Ғанӣ дасти кам се нафар ҷони худро аз даст доданд. Миёни ҳалокшудагон як кӯдак қарор доштаст

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik.  Дар Қандаҳори Афғонистон назди бинои  кории раисҷумҳур таркиши шадид рух дод, хабар медиҳад сомонаи TOLOnews бо такя ба маълумоти мақомоти амниятии ин кишвар.

Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан, 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Таркиши навбатӣ дар пешоруйи интихоботи Афғонистон боз 20 кушта барҷой гузошт

Ба маълумоти мақомоти амниятии Афғонистон маводи мунфаҷира назди даромадгоҳи дафтари Ашраф Ғанӣ ба кор дароварда шудаст.

Суйиқасд ба ҷони Ашраф Ғанӣ: маргталаб худро аснои баромади раисҷумҳур тарконд

Гуфта мешавад, бар асари таркиш се нафар бо шумули як кӯдак ҷон аз даст доданд. Ҳамзамон ҳафт нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Феълан масъулияти ин ҳамларо ягон гурӯҳи террористӣ бар уҳда нагирифтаст.

Инфиҷори навбатӣ дар Кобул ҷони 8 нафарро рабуда 30 тани дигарро маҷрӯҳ кард

Маврид ба зикр аст, ки Афғонистон дар пешорӯйи интихоботи раисҷумҳурӣ қарор дорад ва интизор меравад маъракаи мазкур рӯзи 28 сентябр доир гардад.

Лентаи хабарҳо
0