Ба пешвози мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол ҳазорон мухлисон, хешу пайвандон ва дӯстони онҳо ташриф оварданд.
Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ расида буданд. Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ҷавонону калонсон бо рақсу бози ва дабалу карнай пешвоз гирифтанд.
Дар дасти аксари мухлисон, ки ба пешвози футболбозони наврас омаданд, овезаҳо бо навиштаҷоти "Тоҷикистон ба пеш", буд.
Истиқболи гарму самимии футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе- аксу навор
Миёни ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба пешвози футболбозон ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омаданд.
Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд.
Видеои голҳо ва хандаю гиря: наврасони тоҷик тими Урдунро шикаст доданд
Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.
Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.