ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан ба таври расмӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда бобати маҳрум гардидани варзишгари тоҷик Дилшод Назаров аз иштирок дар мусобиқаҳоро дарёфт накардаанд.
"Алъон мо дар ин хусус чизе гуфта наметавонем, чун дар даст ҳуҷҷати расмӣ надорем. Мо назарамонро танҳо пас аз он, ки муроҷиати расмӣ бобати маҳрум шудани Назаров аз иштирок дар мусобиқаҳо дастрас мекунем, иброз хоҳем дошт".
Намояндаи Кумитаи миллӣ зимнан илова кард, ки ин хабар танҳо дар ВАО паҳн шудааст, вале дақиқ будани он то ҳол номаълум аст.
Гузашта аз ин, намояндаи кумитаи мазкур гуфт, ки феълан бо Дилшод Назаров натавонистем дар тамос шавем.
Ёдовар мешавем, ки варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаровро бинобар вайрон кардани қоидаҳои зидди допинг аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки варзишгари 37 - солаи Тоҷикистон Дилшод Назаров нахустин ва то имрӯз ягона варзишгари тоҷик аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ таҳти парчами Тоҷикистон сазовори унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло шуд.