ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Бар хабари сомонаи Варзиш, дар мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, иброз дошт, ки рушди соҳаи варзиш таҳти таваҷҷуҳи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ва аҳолӣ ба варзиш тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар чор марҳила — дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус, дар сатҳи ноҳия ва шаҳр, дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, фонди ҷоизавиаш 100 000 сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо гардидааст.
Раиси вилоят ҷараёни бозии шоҳмотро мушоҳида намуда, ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуд, гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Шоҳмотбозии Сабрина дар Ҳиндустон: медали нуқра дар рӯзи аввал
Дар даври вилоятии мусобиқа 100 нафар ғолибони даврҳои қаблӣ иштирок дошта, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.