Раиси шаҳри Хуҷанд ба сокинони гулдаставу пул тақдим кард

© © Пресс-служба мэрии города ХуджандаМэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд, субҳи рӯзи 25-уми сентябр, пиёда ба кор баромада, ба як зани кӯчаруб, корманди идораи партовкашонӣ, хонандаи мактаб ва ҳам ба тарбиятгирандаи кӯдакистон гулу пул тӯҳфа карда, онҳоро ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд тарбик намудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Аз ин ташаббуси ғайриинтизори шаҳрдории Хуҷанд, ин гуруҳи сокинон ба ваҷҳ омадаанд. Аз аксҳое, ки дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд нашр намудааст, дида мешавад, ки Маъруф Муҳаммадзода ба фарқ аз рӯзҳои қаблӣ дар ин рӯз на бо мошини хидматӣ, балки пиёда аз кӯчаҳои шаҳр дидан кардааст.

Аснои суҳбати сарироҳӣ, раиси Хуҷанд ба як қатор сокинони касбу кори гуногун гул ва пул туҳфа карда, онҳоро ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд табрик намудааст.

© © Пресс-служба мэрии города ХуджандаМэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице  - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
© © Пресс-служба мэрии города ХуджандаМэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
1/2
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице
2/2
Мэр Худжанда вручил подарки и материальную помощь людям на улице

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода бо рӯбандаи комбинати ободонии шаҳр, корманди корхонаи нақлиёти санитарии шаҳр, хонандаи МТМУ №12, донишҷӯйи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, духтури беморхонаи шаҳрии №1 ва  тарбиятгирандагони муассисаи томактабии №33-и шаҳр вохурдааст.

Ин гурӯҳи сокинон, ки дидорашон бо раиси Хуҷанд ғайримунтазира ва бидуни тайёрии пешакӣ иттифоқ афтодааст, аз ташаббуси шаҳрдории Хуҷанд сипосгузорӣ кардаанд.

Имрӯз 25-уми сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рӯзи шаҳр, ба ҳисоби овозхонҳои маъруфи кишвар Бахтиёр Иброҳимов,  Нозия ва бародараш  Муҳаммадрафеъи  Кароматулло, инчунин сарояндаи номвар аз кишвари Узбакистон, Юлдуз Усмоноваро даъват кардааст.

Чорабинии фарҳангӣ ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд соати 18:00 дар саҳни театри ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз меёбад.

Лентаи хабарҳо
0