ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Новобаста ба он ки ними шаб буд, ҳазорон мухлиси футбол барои табрики даста ба фурудгоҳ расиданд, иттилоъ додааст Кумитаи олимпии Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистонро ҷавонону калонсон бо рақсу бози ва дабалу карнай пешвоз гирифтанд.
Миёни ҳазорҳо нафар сокинони пойтахт дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба пешвози футболбозон ҳайати роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон низ омаданд.
Дар толори қабули меҳмонони олиқадр футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов қабул карданд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон тими наврасони Урдунро дар меҳмонӣ бо ҳисоби 5:2 шикаст дода, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2020 роҳхат гирифт.
Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.