Имзои созишнома миёни “Мавлуда”-и Хатлон ва “Чароғон текстил”-и Сурхондарё

© PixabayРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайати намояндагони вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии муовини раис, Раҷабалӣ Раҷабов дар ҳамоиши байналмилалии тиҷоратии “Open South International Business Forum II” дар шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарёи Узбакистон иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, Раҷабов зимни ин ҳамоиш, ки бо иштироки аз 300 намояндаи доираҳои тиҷоратии  20 кишвар баргузор шуд, аз ҳамкории соҳибкорони тоҷику узбак тавсиф намуд.

Ӯ зарфиятҳои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлонро, ки бо вилояти Сурхондарёи Узбакистон ҳамсарҳад аст, муаррифӣ намуд.

“Имрӯз Тоҷикистону Узбекистон дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ намуда, ширкатҳои муштарак таъсис додаанд. Дар миёни кишварҳои мо имконияти ҳанӯз ҳам истифоданашудаи бисёре барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавҷуд аст”, - таъкид намудааст муовини раиси Хатлон.

Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳамоишҳо барои таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона ва барои ҳар ду тараф фоидабахши соҳибкорони Тоҷикистону Узбакистон мусоидат мекунанд.

Котиботи ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ инчунин ширкати “Мавлуда”-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва корхонаи “Чароғон текстил”-и вилояти Сурхондарё ба маблағи 50 ҳазор доллари амрикоӣ шартномаи ҳамкорӣ бастанд. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯбаи ин созишнома занону духтарони тоҷик дар корхонаи дӯзандагии Сурхондарё таҷрибаомӯзӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0