Амиршозода натиҷаҳои ташхиси такрории нафақагирони маъюбро гуфт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИнвалид, архивное фото
Инвалид, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, таҳти раёсати вазир Насим Олимзода масъалаи таъмини нафақаҳои маъбӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар ҷаласаи мушовара дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш”, Шералӣ Амиршозода, сардори Хадамоти  давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ аз натиҷаи ташхисҳои такрории нафақагирони маъюб гузориш дод.

Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Калиди хона: туҳфаҳои Раҳмон ба маъюбону ятимон дар Файзобод

Амиршозода, зимни гузориш таъкид кардааст, ки бо мақсади иҷрои супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ба низом даровардани  раванди таъминоти нафақаи маъюбӣ, таъмини шаффофият ва асоснокии муқаррар намудани гурӯҳи маъюбӣ аз аввали сол то инҷониб як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Ӯ иттилоъ додааст, ки феълан дар кишвар бар асоси рӯйхати тартибдодашуда 3 ҳазору 376 нафар нафақагирони маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамзамон кор мекунанд ва зиёда аз панҷ ҳадди ақал нафақа мегиранд.

Тибқи гузориши сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, аз ин феҳраст  1875 нафар аз муоинаи такрорӣ гузаронида шуд.

Рақси тоҷикдухтари маъюб дар озмуни зебоӣ дар Русия - видео

Дар натиҷаи муоинаи дубора, маъюбии 508 нафар пурра қатъ гардида, маъюбии 59 нафар сабук карда шуд. Дар ҳаимн ҳол зимни муоинаи такрорӣ вазъи маъюбии 10 нафар вазнинтар муқаррар шуда, маъюбии 1326 нафар такроран тасдиқ карда шуд.

Қаблан таъини беасоси нафақаҳои маъюбӣ барои бархе аз шаҳрвандони кишвар  мавриди интиқод дар Тоҷикистон қарор гирифт ва санҷиши такрорӣ солим будани бисёре аз афроди нафақагирро тасдиқ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0