КҲФ: ду кӯҳанаварди рус пас аз 19 соати ҷустуҷӯ дар қаторкӯҳҳои Фон пайдо шуданд

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкАльпинисты во время восхождения
Альпинисты во время восхождения - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду кӯҳнаварди рус Кудрини 58 - сола, сокини Нижний Новгород ва Писарчуковскии 39 - сола, сокини Владикавказ, ки дар кӯҳҳои Тоҷикистон раҳгум заданд, наҷотдиҳандагони ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода пас аз 19- соати корҳои ҷустуҷӯйи пайдо карданд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 22 - сентябр пас аз дарёфти хабари раҳгум задани ду кӯҳнаварди рус дар қаторкӯҳҳои Фон ба ҷустуҷӯйи онҳо баромаданд, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Альпинисты в горах - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон кӯҳнаварди рус ба ҳалокат расид
Бар хабари манбаъ, кӯҳнавардон рус дар қаторкӯҳҳои Фон, воқеъ дар қисмати шимоли Тоҷикистон роҳгум заданд.

Хабари гум шудани ин ду кӯҳнавардро ба наҷотбахшони КҲФ, роҳбари гурӯҳи онҳо Константин Гарнага тамос гирифта, изҳор намудаст.

Як кӯҳнаварди қазоқ ҳалок ва ҷустуҷӯйи дуи дигар идома дорад

Ба иттилои Гарнага, ду тан аз намояндагони гурӯҳи ӯ, Кудрина А.В 58 - сола  ва ҳамроҳи ӯ Писарчуковский Л. И 39 - сола барои тамошои қаторкӯҳҳои Фон  ба кӯҳ баромаданд ва дар соати муайяншуда, барнагаштанд.

Пас аз дарёфти маълумоти мазкур, наҷотбахшон гурӯҳи кофтукобӣ ташкил дода, дар баландии 2000 метр аз сатҳи бахр ба ҷустуҷӯйи кӯҳнавардони рус баромаданд.

Гуфта мешавад, пас аз 19 соати корҳои кофтукобӣ, гурӯҳи наҷотбахшон, кӯҳнавардони гумшударо пайдо намуданд ва ба урдугоҳи онҳо оварда расонданд.

Ҳалокати даҳ кӯҳнавард дар навбатпоӣ барои тай кардани Эверест-видео

Шаҳрвандони рус аз кӯмаки тиббӣ даст кашиданд. Барои пайдо намудани онҳо як гурӯҳи иборат аз панҷ наҷотбахш ва ҳамчунин як адад чархбол ҷалб карда шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0