Зуҳуров бо раиси парлумони Русия масоили иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМежпарламентская ассамблея СНГ
Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Парлумони Тоҷикистон дар доираи чаҳорумин нишасти раисони порлумонҳои Авруосиё, ки дар шаҳри Нур-Султон, баргухзор шудааст, бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин ва раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҳошияи иштироки худ дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Нур-Султони  Қазоқистон  бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин дидору мулоқот кард.

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров ҳамроҳ бо чанд вакили Парлумон ба Нур-султон рафт

Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон хабар додааст.

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Палатаи қонунгузории Олиӣ Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон Нурдинҷон Исмоилов низ  мулоқот намуд.

Зимни ин мулоқотҳо таъкид гардид, ки самарабахшии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад.

“Ҷонибҳо изҳори бовари намуданд, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Руссия ва Узбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд”, - қайд намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар рафти суҳбат ҳамчунин ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Шукурҷон Зуҳуров бо Сооронбой Жеенбеков мулоқот анҷом дод

Ёдрас мешавем, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба хотири иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нур-султони Қазоқистон сафар кард.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ додааст, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё  масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, Шукурҷон Зуҳуровро вакилони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Аҳмадҷон  Қобилов, инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Муғулистон Хайрулло Ибодзода ҳамроҳӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0