Месси беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шуд

© REUTERS \ FLAVIO LO SCALZOЛионель Месси
Лионель Месси - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамлагари бошгоҳи "Барселона" ва яккачини Аргентина Лионел Месси бори шашум дорандаи ҷоизаи олии The Best FIFA Awards-2019 шуд

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Футболбози аргентинӣ Лионел Месси беҳтарин бозигари соли 2019 шинохта шуд.

Бозигари 32 солаи бошгоҳи "Барселона" ва яккачини Аргентина Лионел Месси бори шашум дорандаи мукофоти олии The Best FIFA Awards-2019 шуд.

Мехостам бо Роналду ва Месси акс гирам: орзуи бобои Сайидмуртазо амалӣ нашуд

Пештар футболбози машҳур, солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 аз ҷониби FIFA беҳтарин бозигар эълон шуда буд.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Қайд мешавад, ки ин бор Месси ин ҷоизаро бо гирифтани 46 дарсади овозҳо, аз худ кардааст.

Пас аз 10 сол ва 2 фарзанд: Месси ба дӯсти даврони кӯдакиаш оиладор шуд

Ёдрас мешавем, ки дар мавсими гузашта Месси дар ҳайъати тими "Барселона" дар 50 бозӣ ширкат карда ва 51 гол ба нишон расонид.

Лионель Андрес Месси - футболбози аргентинӣ, ҳамлагар ва капитани бошгоҳи "Барселона" мебошад. Аз соли 2011 инҷониб капитани мунтахаби миллии Аргентина аст. Бозигар дар таърихи бошгоҳи "Барселона" беҳтарин голзан шинохта шудааст. Коршиносон мегӯянд, Месси аз беҳтарин бозигарони замони муосир аст.

Шикасти тимҳои Роналду ва Месси боиси хонавайронии як оила шуд

"The Best FIFA Awards" - ҷоизаест, ки аз соли 1991 инҷониб ҳар сол ба беҳтарин бозигар супорида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0