ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Тими наврасони Тоҷикистон чор бозии даври интихобии Ҷоми Осиё - 2020-ро бо пирӯзӣ ҷамъбаст карда, дар гуруҳи “А” бо 12 хол мақоми аввал гирифт.
Сабқати шоми 22 сентябр бо дастаи мизбон - тими Урдун бо ду гол ба дарвозаи Тоҷикистон дар 12 дақиқаи аввал оғоз шуд. Голҳои тими Урдунро футболбозон Абдул Қодир ва Адҳам Ғанем ба ҳадаф расонданд.
Дар посух Раҳматшоҳ Раҳматзода, футболбози навраси тоҷик як гол ба ҳадаф расонд ва сипас дар нимаи дуюм Абдуфатоҳ Худойдодзода ҳисобро баробар - 2:2 кард. Инчунин дар нимаи дуюми бозӣ Хусрав Тоҳиров, Сунатулло Азизов ва Муҳаммадворис Саидалиев ба дарвозаи рақиб гол зада, ҳисобро 5-2 ба фоидаи Тоҷикистон карданд.
Дар пайи ин шикасти ғайричашмдошт бисёре аз футболбозони тими Урдун ашк рехтанд, дар ҳоле, ки наврасони тоҷик бо сармураббияшон Аҳлиддин Тӯрдиев пирӯзиро таҷлил менамуданд.
Тими наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёзу 29 гол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2020 рекорд гузошт.