ВКД Тоҷикистон исми ҳамлагар ба низомиёни русро гуфт

© страница 201-й РВБ в Facebook201-я РВБ, архивное фото
201-я РВБ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон номи мардеро, ки дар шаҳри Бохтар ба ду низомии пойгоҳи 201-ум ҳамла карда буд, гуфт

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Номи марде, ки ба ду низомии шартномавии пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Бохтар ҳамла карда буд, Аҳлиддин Абдуллоев будааст, хабар доданд дар Вазорати корҳои дохилӣ.

Манбаъ афзуд, ки гумонбаршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

"Сокини маҳаллӣ Аҳлиддин Абудллоев, ки ду низомии пойгоҳи 201-уми мустақар дар шаҳри Бохтарро захмдор карда буд, боздошт шуд. Парвандаи ҷиноии ӯ дар пракуратураи вилояти Хатлон баррасӣ мешавад", - гуфт сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Умарҷони Эмомалӣ.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти марде, ки ду низомии русро дар Бохтар захмӣ кард

Гуфта мешавад, ки гумонбарро дар ҷои ҳодиса боздошт кардаанд. Баъдтар маълум шудааст, ки боздоштшуда руҳан бемор аст ва дар бемористони рӯҳии вилоят ба қайд гирифта шудааст.

Захмӣ шудани 2 низомии Русия дар Тоҷикистон

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 21 сентябр, ду низомии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бар асари зарбаи корд маҷруҳ шуданд.

Бар асоси иттилоъ, низомиён берун аз хидмат дар пайи аъмоли ғайриқонунии сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Ба низомиён кумаки тиббӣ расонда шуда, ба ҳаёташон таҳдиде нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳоли ҳозир ба таҳқиқи ҷузъиёти қазия машғуланд.

Дар Тоҷикистон таҳқиқи қазияи ҳамла ба ду низомии рус оғоз ёфт

Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди хушкигарди ин кишвар дар берун аз қаламрави он ба ҳисоб рафта, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад. Ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0