ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пули нави мошингард ба истифода дода шуд.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", акнун 800 хонаводаи деҳоти болоии ин ноҳия бидуни тарсу ҳарос борҳои вазнинро то манзил бурда мерасонанд.
Сардори муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рамазон Гулаёзов гуфт, ки «лоиҳа ва маблағгузории сохтмони пулро Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бар дӯш дошт. Мутобиқи лоиҳа, барои бунёди пул зиёда аз 5 миллион сомонӣ сарф шуд. Қаблан дар ин макон як пули худсохтаву заиф вуҷуд дошт, ки тавони борбардории он ҳамагӣ 3-4 тонна буд. Сокинони деҳоти болоии ин ноҳия маҷбур мешуданд, ки борҳояшонро фуроварда, пас аз он қисм ба қисм ба хонаҳояшон интиқол диҳанд. Иқтидори вазнбардории пули нав то 60 тонна мебошад».
Сардори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Роҳсоз” Ниёзбек Рамазонов гуфт, ки «аксарияти сокинони деҳоти болоии ноҳия ба чорводорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебаранд. То ин вақт мардум зимни интиқол додани чорвою маҳсулоти он, маводи сӯзишворию озуқаворӣ, бахусус дар фасли зимистон ҳамеша бо мушкил мувоҷеъ мешуданд. Акнун мушкилашон осон шуд ва онҳо дар чаҳор фасли сол метавонанд ҳама гуна молу колои худро аз болои ин пул интиқол диҳанд».
Муовини раиси ноҳия Давлат Муллоҳикматов мегӯяд, ки «бо дастури Пешвои миллат чанд сол боз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сарпарастии ноҳияро ба уҳда дорад. Чанд соли охир мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бисёр масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро ҳал намуд. Ҳоло тахту ҳамворкунии роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа-Туқузбулоқ, дар километрҳои 71-74 ва 82-84-ум идома дорад, ки то фарорасии фасли зимистон ба поён мерасад».
Ба гуфтаи сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои вилоят, «ин дуюмин пули мошингард аст, ки дар ду моҳи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Як моҳ пеш чунин пули мошингард дар болооби рӯдхонаи Ғунд, дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ки бар асари ҷорӣ шудани сел хароб гашта буд, бунёд гардид».
Илова бар ин, мутобиқи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати ҷумҳурӣ ояндаи наздик дар ҳудуди вилоят бунёди 18 пули мошингард ба маблағи 160 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.