Аз сиёсат то тиҷорат: мулоқоти раисони парлумони Индонезияву Тоҷикистон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПредседатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото
Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раислни парлумони Тоҷикистону Индонезия масоили таъсиси ширкатҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук, коркарди ангишт, сайёҳӣ ва тиҷорат дар бахши меҳмонхонаҳоро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон  бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Индонезия Фахрӣ Ҳамза дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти парлумони кишвар.

Межпарламентская ассамблея СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров бо сафири Эрон густариши бештари ҳамкориҳоро баррасӣ кард

Бино бар иттилои манбаъ, зимни дидор ҷонибҳо масъалаи таъсиси ширкатҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук, коркарди ангишт,  сайёҳӣ ва тиҷорат дар бахши меҳмонхонаҳоро баррасӣ намуданд.

Мулоқоти ҷонибҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардида,  зимни он инчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Индонезия  муҳокима гардид.

“Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлативу  байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, баргузории муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсиро асоси таҳкими ҳамкории ду мамлакати дӯст ҳисобиданд”,- таъкид доштааст манбаъ.

Тавре манбаъ зикр намудааст, дар баробари муҳокимаи вазъи ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии дуҷониба, ҳамчунин дар бораи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ ва маориф гуфтугӯ сурат гирифт.

Шукурджон Зухуров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров: моҳонаи 1800 сомонӣ барои коргарони корхонаи сементбарорӣ кофӣ нест

Гуфта шуд, ки давоми солҳои 2015-2019 дар доираи Барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён — “Дармасисва” ба шаҳрвандони Тоҷикистон 45 бурсия пешниҳод гардида, ҷавонони тоҷик дар Индонезия ба омӯзиши фарҳанг ва забони индонезӣ машғул гардиданд.

Ҳамзамон Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот иброз  доштааст, ки фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ омили асосии рушди робитаҳои дуҷониба буда, бо истифода аз онҳо метавон имкониятҳои мавҷударо ба нафъи парлумонҳо истифода бурд.

Лентаи хабарҳо
0