ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистонро ҳинни интиқол додани 12 кило маводи мухаддир, гумрукчиёни Хадамоти марзбонии Қазоқистон дастгир намуданд.
Ба иттилои котиботи Хадамоти марзбонӣ, шаҳрванди Тоҷикистон дар постгоҳи "Жибек жоли" рӯзи 20 - уми сентябри соли равон боздошт гардид.
Омори нашъамандон: Салимзода теъдод, сол ва ҷинси мӯътодонро гуфт
Манбаъ меафзояд, ки гумрукчиён аснои аз назар гузаронидани автомашинаи номбурда дар дохили он ҷойеро пайдокарданд, ки андаруни он 12 кило маводи мухаддири сахттаъсири героин пинҳон карда шудаст.
Ба иттилои маълумоти пешакӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ният дошт аз тариқи Қазоқистон маводи мухаддирро то ба Федератсияи Русия интиқол диҳад.
Феълан шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт қарор дорад ва тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.