"Марказ - 2019": низомиёни Тоҷикистону Узбакистон террористҳоро маҳв карданд

Обуна шудан
Машқҳои васеъмиқёс бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Узбакистон дар пойгоҳи таълимии Гурумсарой дар ҳудуди вилояти Намангон баргузор шуданд

Низомиёни Тоҷикистону Узбакистон дар размоиши васеъмиқёс барои маҳв намудани террористон ҳангоми ҳамлалоти онҳо ба манотиқи аҳолинишин иштирок намуданд.

Двусторонние учения военных Узбекистана и Таджикистана по уничтожению условных террористических группировок - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Узбакистон боз размоиши ҳарбӣ доир мекунанд

Дар навор  нишон дода мешавад, ки ин воҳидҳо ба қаламрави ишғолшуда террористон чӣ гуна меоянд ва чӣ сон онҳоро тадриҷан аз қаламрави забткардаашон берун мекунанд.

Зимнан, дар навор технологияи навро метавон дид,ки аз ҷониби низомиён моҳирона  истифода бурда мешаванд. 

Вазифаҳои артиши Тоҷикистону Узбакистон на танҳо маҳв намудани душмани шартӣ аст, балки ҳамзамон бояд шаҳрвандлони мулкиро низ муҳофизат кунанд.

Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

Гузашта аз ин дар навор кори наҷотдиҳандагон ва табибон, ки дар рафти амалиёти ҷангӣ вазифаи расонидани кумак  ба сарбозону маҷ  рӯҳшудагон доранд, сабт гардидаст.

Лентаи хабарҳо
0