Олмон ба бахши кишоварзии Тоҷикистон 10 миллион евро ихтисос медиҳад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкКупюры евро, архивное фото
Купюры евро, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки рушди Олмон тасмим гирифтааст, барои иҷрои тарҳҳои бахши кишоварзии Тоҷикистон 9,6 миллион евро ҷудо кунад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар ин замина Неъматулло Ҳикматуллозода ва Андреас Шнайдер, масъули бахши Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон санади ҳуқуқиро имзо карданд.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Захираҳои арзу тиллои Бонки миллӣ дар бонкҳои Швейтсарияву Олмон захира мешудааст

Олмон аз нахустин кишварҳои Аврупоист, ки истиқлоли Тоҷикистонро эътироф карда, робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ оғоз кардааст. Ин кишвар ҳамасола ба Тоҷикистон кумакҳои билоивази молӣ ироа мекунад.

Қарзу грантҳои нави Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон

Соли 2017 ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон дар доираи ду грант, ки яке, 16,5 миллион ва дигари 14,6 миллион  ва дар маҷмӯъ 31 миллиону 100 ҳазор евро евроро ташкил медиҳад, кӯмаки молиявии бебозгашт дода буд.

Гранти нахуст барои рушди кишоварзӣ ва боқимонда барои мубориза бо бемории сил ва барқарор сохтани инфрасохтори коммуналӣ, масраф шуданд.  Аммо гранти дуввуми барои беҳтар кардани амнияти озуқавории модару кӯдакон, ба нақшагирии оила ва саломатии модару кӯдак, пешбинӣ шуда буд. Мусоидат ба рушди маҳалҳои баландкӯҳ низ яке аз ҳадафҳои ин грант будааст.

Ҷопон барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Бохтар 31 миллион доллар ихтисос дод

Кӯмакҳои давлати Олмон дар чорчӯби ҳамкориҳои молӣ ва фаннӣ ба Тоҷикистон то кунун ҳудуди 200 миллион евроро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0