Қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик: наврасеро наҷот дод, ки мехост худкушӣ кунад

© Предоставлено пресс-службой "Яндекс Еды"Бахром Гуломкадиров. Доставщик еды, который спас 13-летнего подростка
Бахром Гуломкадиров. Доставщик еды, который спас 13-летнего подростка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар Маскав дар ширкати "Яндекс.Еда" фаъолият мекунад, аз як ҳодисаи суйиқасд ба ҷон намудани навраси 12 - сола пешгирӣ намудаст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Баҳром Ғуломқодиров муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар Русия дар ширкати "Яндекс.Еда" ба ҳайси хизматгузор фаъолият мекард, як наврасро аз кӯшиши худкушӣ намудан боздоштаст, хабар медиҳад нашрияи русии "Такие дела".

Река Вахш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пешгирӣ аз ҳодисаи худкушӣ: ҷавони 25- сола хост худро ба рӯди Сурхоб партояд
Ба иттилои сарчашма, муҳоҷири тоҷик аснои дастрас намудани хӯрок дар кӯчаи Татишеваи шаҳри Маскав аз тирезаи бинои баландошёна садои ҷангу муноқишаи ду нафаро шунида, мушоҳида намуд, ки наврас мехост худро аз тиреза ба берун ҳаво диҳад.

Дар ҳамин ҳолат муҳоҷири тоҷикистонӣ ҷувздонашро, ки дар дохили он хӯроки фармоишӣ барои дастрас намудан ба мизоҷон омода буд, ба замин гузошту, тавассути қубури газ худро ба ошёнае, ки садои ҷангу ҷадол аз он ҷо баланд буд, расонд.

Баҳром ҳинни расидан, наврасро аз болои тиреза ба дохили хона тела дод.

Қаҳрамонии аробакаш: ВУД ба Ғайратов медалу пул дод

Манбаъ меафзояд, ки муҳоҷири тоҷик худаш низ тавассути тиреза вориди хона шуд ва дид, ки ин наврас ҳамроҳ бо модараш муноқиша намуда, хост худро аз тиреза ба берун ҳаво дода худкушӣ кунад.

Баҳодур пас аз ором намудани навраси 12 - сола аз дар берун шуда, боз ба анҷом расонидани вазифаи худ, яъне дастрас кардани хӯроки фармоишӣ идома дод.

Бераҳмӣ: фарзанди навзодашро ҳамроҳ бо як кӯдаки дигар аз тирезаи таваллудхона ҳаво дод

Бо гузашти чанде модари ин ҷавон ба ширкати "Яндекс.Еда" тамос гирифта ба корнамоии кормандашон, ки муҳоҷири тоҷик аст, арзи сипос кард.

Зимнан, манбаъ мегӯяд, намояндагии ширкати мазкур низ изҳор доштааст, ки ҳатман муҳоҷири тоҷикро қадрдонӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0