Баҳои баланди Раҳмон ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорони Файзобод

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагии соҳибкорони ноҳияи Файзобод баҳои баланд дод

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод қарор дорад, ду маркази хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидаанд, ифтитоҳ шуд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, иншооти мазкур дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлол бунёд шуда, дар маҷмӯъ беш аз 35 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Рабочая поездка президента Таджикистана Эмомали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон ба ноҳияи Файзобод рафт : котибот мақсади сафарро гуфт

Ба Президент иттилоъ додаанд, ки ҳар як иншоот аз 4 ошёнаи бисёрфунксионалӣ иборат буда, қабати якуми биноҳо аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн иборат мебошад. Қабатҳои болоии бино ҳамчун хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки корҳои созандагӣ дар иншооти номбурда дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёфта, беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ аз ҳисоби мутахассисону меъморони ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

"Аснои ошноӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ба василаи чунин марказҳои хизматрасонӣ метавон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин самт мусоидат намуд", - омадааст дар хабарнома.

Ғуломов 21 миллионашро доду боз бунёди мактаби дигарро дар Кӯлоб ба уҳда гирифт

Тибқи иттилои масъулин, дар ноҳияи Файзобод то истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлол, бунёди беш 500 иншооти таъйиноти гуногун дар назар дошта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0