Мукофоти Аламшозода ба ҷавонони фаъоли 18 шаҳру ноҳияи Суғд

© МИД РТПервый заместитель Министра внутренних дел генерал-майор милиции Аламшозода Абдурахмон Аламшо
Первый заместитель Министра внутренних дел генерал-майор милиции Аламшозода Абдурахмон Аламшо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-лейтенант Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири умури дохилии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи раёсати ВУД дар вилояти Суғд бо ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, дар ин чорабинии маърифатӣ роҳбарияти раёсат ва сардорони хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони шуъбаҳои ВУД дар вилояти Суғд иштирок доштанд.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон бекорию муҳоҷирати меҳнатиро муаммоҳои ҳалталаб хонд

Аламшозода зимни мулоқот аз мавқеи ҷавонон дар татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат сухан ронда, иқдомҳои созанда ва ташаббускории онҳоро дар рушди давлатдорӣ, пешрафту тараққиёти ҷомеа ва ҳаёти осоишта таъкид дошт.

"Ҷавонон аз табақаи фаъоли қишри ҷомеа ҳастанд, ки ҳамкории онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат карда, чунин ҳамкорӣ пайваста аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадр карда мешавад", - таъкид шудааст дар иттилоия.

Муовини якуми вазири умури дохилӣ ҷавонони фаъоли 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро бо туҳфа, Сипоснома ва мукофоти моливу пулии Вазорати умури дохилӣ ҳавасманд намуд.

Оғози Анҷумани ҷавонони тоҷикистонии таҳсилкунанда дар хориҷ

Ташкилкунандагони чорабинӣ дар хотима аз ҷавонон даъват кардаанд, ки ташаббускориро аз даст надода тарзи ҳаёти солимро дар байни ҳамсолон тарғиб намоянду бо рафтору амали намунавӣ номбардори ин сарзамин бошанд.

Лентаи хабарҳо
0