ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола санаи 22-юми сентябр таҷлил мешавад, дар макотиби таҳсилоти миёнаи шаҳри Хуҷанд озмуни "Рӯдакихонӣ" баргузор шудааст.
Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 30 нафар хонандагони фаъол иштирок ва порчаҳо аз асарҳои қофиласолори адабиёти тоҷику форсро дар ҳузури ҳакамот қироат намудаанд.
Аъзои ҳакамон ба тарзи қироат, интихоби асар ва маҳорати хонандагон баҳо дода, ғолибонро муайян намуданд.
Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накӯном зист: 22-уми сентябр Рӯзи Рӯдакӣ
Ҳамин тавр, дар натиҷаи қувваозмоӣ Мадина Ботурова хонандаи синфи 6-и МТМУ №23 ва Ҳайдар Ҷӯраев муҳассили МТМУ №18 дар даври ниҳоии озмуни "Рӯдакихонӣ" мақоми аввалро соҳиб гардиданд.
Дигар иштирокчиёни озмун - Мубина Ахмедова (МТМУ №21), Бахтовар Ғаффорӣ (мактаби хусусии Пӯлотов) ва Ризвони Абдурашид ҷойи дуюм ва Омина Нозимова (МТМУ №10), Шарифа Кенҷаева (гимназияи №4) ва Шаҳноза Пӯлотова (МТМУ №11) зинаи сеюмро ишғол намуданд.
Ношири муваффақ, муаллифи сермаҳсули сол ва асари беҳтарин муайян шуданд
Ба ғолибон аз тарафи намояндагони шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд диплом ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.