ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тавре Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст имрӯз обу ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.