Раққоса бо ҷаҳиш ба гардан раққосро аз пой афтонд -навор

Обуна шудан
Навори рақси аҷоибу ғароиби гӯё тоҷикона дар иҷрои рақосаҳои гурӯҳи Падида чанд рӯз аст, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, аз ҷониби шумори зиёди одамон тамошо карда шудаст

Ду тан аз ҳунармандони гурӯҳи рақсии Падида, эҳтимолан дар яке аз чорабиниҳои идонаи бахшида ба 28 - умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар яке аз манотиқҳои ин ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

Танцы на колясках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикдухтари маъюб ҳам рақс ва ҳам баскетбол бозӣ мекунад

Ҳарчанд ҳунарнамоии онҳо ба нокомӣ ва ё аниқтараш ба замин афтидани онҳо рӯбарӯ шуд, вале онҳо худро гум накарда ба рақсашон идома доданд.

Маҳз ҷаҳиши ноҷои раққоса ва ба замин афтидани онҳо аз ҷониби корбарон шадидан мавриди интиқод қарор гирифт.

Дар навори мазкур толори кушоди идона бо овезаҳо ва теъдоди зиёди тамошобинон намоиш дода мешавад.

"Муъҷизаи рақс" - и тоҷикон дар Узбакистон

Ду тан аз рақосон, ки яке ҷавон ва дигаре духтари хушқаду қомати чаканпӯш аст, зери мусиқии ҷазоби тоҷикона мерақсанд.

Аснои рақс кардан, духтар ба шаст суйи ҷавон давида ҳинни паридан ба гардани ҳамраҳаш ҳар ду ба замин меғалтанд.

Агарчӣ  рақосон ба идомаи барномаашон давом медиҳанд ва гӯё тавре вонамуд мекунанд,ки коре ғайричашмдоште рух надодаст, лек корбарони иҷтимоӣ ҳунарнамоии онҳоро зери танқиди шадид қарор доранд.

Малика дар рақс: насби пайкараи 2 фарҳангии тоҷик дар Душанбе - аксҳо

Аксари  корбарон аз он изҳори норизогӣ карданд, ки шеваи рақси онҳо комилан ба рақсҳои тоҷикона монанд ва чун тақлид ба ҳунари аҷнабӣ мекунанд ва аз уҳдаи иҷрои он намебароянд, чунин ҳолатҳои ногувор рух медиҳанд.

Аммо теъдоди шореҳоне, ки ба  ҳунари ин ду раққос баҳои баланд гузоштанд, кам набуд ва изҳор намуданд, ки чунин ҳолатҳои ногувор метавонанд ғайричашмдошт рух диҳанд ва ҷойи хандаву маломат ҳам нестанд.

Лентаи хабарҳо
0