ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Parstoday, Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ бо унвони "Мусоидат барои рушди Тоҷикистон" эълом кардааст, ки ин кишвар дар радабандии ҷаҳонии осонсозии тиҷорат дар мақоми 183 дар миёни 190 кишвар қарор дорад.
Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ иллати ҷойгоҳи номуносиби Тоҷикистон дар ин радабандӣ, мизони 65 дарсадии молиёт дар ин кишвар аст, ки роҳи рушди фаъолиятҳои хусусиро кунд мекунад.
Ян Питер-Олтерс, мудири дафтари намояндагии Бонки Ҷаҳнӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикисон ҳамасола мизони молиёти пардохтӣ дар ин кишварро 15 то 20 дарсад афзоиш медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки Бонки Ҷаҳонӣ, дар ҳамин гузориш таъкид намудааст, ки Тоҷикистон бояд дар муддати 5 соли оянда, 40 дарсади қарзҳои берунии худро пардохт намояд.
Бонки Ҷаҳонӣ сабаби якбора боло рафтани мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро ба миқдори 500 миллион доллар дар фурӯши коғазҳои қимматноки аврупоӣ (Евробонд) барои сармоягузорӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” марбут донистааст.
Қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин будааст, ки 54,1 дарсади қарзҳои хориҷӣ ва ҳудуди 80 дарсади қарзҳои дуҷониба бо ин кишварро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи Тоҷикистон мизони қарзҳои хориҷии кишварро ба 36 дарсади ММД баробар хондааст.
Барои пардохти қарзҳои беруна дар соли ҷорӣ Ҳукумати Тоҷикистон бояд 1 миллиарду 211 миллион сомонӣ, ки муодили 125,1 миллион доллар мебошад, пардохт намояд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи пешгӯиҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дар охири соли 2020 қарзҳои берунаи кишвар ба 3 миллиарду 327 миллион доллар хоҳад расид.