Абдураҳими Кӯлобӣ ба Кабирӣ: мард бошӣ биё як ба як гап занем

Обуна шудан
Мулло Абдураҳим Кӯлобӣ, ки дар анҷумани Варшава аз ҳукумати Тоҷикистон намояндагӣ мекунад ахиран Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) ва Паймони миллии Тоҷикистонро ба суҳбати як ба як даъват кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Мулло Абдураҳим Кӯлобӣ бо пахши як навор дар шабакаи иҷтимоии youtube аз Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом хостааст, ки агар мард бошад биёяд як ба як бо ӯ дар ҳузури шоҳидони бетараф суҳбат кунад.

Вай Муҳиддин Кабириро дар он муттаҳам кардааст, ки гӯё роҳбари ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом барои суҳбат бо ӯ намояндагонашро мефиристодааст. Мулло Абдураҳими дар навор аз Кабирӣ хостааст, ки касеро нафиристаду худаш наздаш биёяд ва дар ҳузури шоҳидону ду тараф бо ӯ суҳбат кунад.  

“Мард бошӣ биё гап занем, шоҳидони мо бубинанд ва сипас баҳо диҳанд, ки ҳақиқат дар куҷост. Лекин агар мард набоши, ҳар касро пеши ман равон накун. Манро Мулло Абдураҳими Кӯлобӣ меган, ман аз ҳазор каси шумо наметарсам. Мард бошӣ биё як ҷо мешинем гап мезанем, аз ду тараф шоҳидони бетараф бошанд, бигзор онҳо баҳо диҳанд”, - таъкид намудааст Мулло Абдураҳими Кӯлобӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки Мулло Абдураҳими Кӯлобӣ устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва узви собиқи ҳизби дар ин кишвар мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) дар ҳошияи анҷумани САҲА дар Варшава соли гузашта бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва дигар аъзои ин ҳизб вориди баҳс шуда буд.

Мулло Абдураҳим, ки дар анҷумани Варшава аз ҳукумати Тоҷикистон намояндагӣ мекард, ҳамсафони собиқашро дар “ҷазир кардани Тоҷикистон” айбдор карда буд.

Муҳиддин Кабирӣ аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад. Соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ғоибона ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум карда буд. Аммо раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ донист.

Ҳизби наҳзати исломӣ то соли 2015 дар кишвар фаъолият мекард. Мақомот онро ба барангехтани, ба гуфтаи онҳо, ошӯби нофарҷом дар моҳи сентябри он сол айбдор намуда, фаъолияташро манъ карданд.

Лентаи хабарҳо
0