Чемпиони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё медали тилло гирифт

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонҶамшед Исоев, шоҳмотбози тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё пирӯз шуд
Ҷамшед Исоев, шоҳмотбози тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон дар чемпионати Осиё пирӯз шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Исоев, шоҳмотбози тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2019 дар Чемпионати Осиё миёни калонсолон медали тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати Осиё дар риштаи шоҳмот миёни калонсолон дар ду синну сол – аз 50-сола боло ва аз 65-сола боло аз рӯи се равия – рапид, классикӣ ва блитс аз 8 то 18 сентябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Сабрина Абророва - Sputnik Тоҷикистон
Сабрина Абророва боз пирӯз шуд: дар қаҳрамонии Осиёи Ғарбӣ ӯ 2 медали нуқра гирифт

Манбаъ афзуд, ки дар мусобиқа 70 шоҳмотбоз аз 16 давлати қора иштирок карданд.

Ҷамшед Исоев, ягона намояндаи Тоҷикисто миёни иштирокчиёни аз 50-сола боло дар равияи блитс ҷои якумро ишғол кард. Кумита таъкид намуд, ки Исоев аз 9 холи имконпазир 8 хол ба даст овард. Дар 7 бозӣ бар намояндагони Қазоқистон, Эрон, Сурия, Қирғизистон ғалаба карда, ду бозиро бо шоҳмотбозони Қазоқистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом дод.

Дар ин равия Азиз Умарбеков аз Қирғизистон бо 8 хол ҷои дуюм, Серикбай Темирбаев аз Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол намудаанд.

Фаррух Амонатов Ҷоми шаҳрдори Мумбайро соҳиб шуд

Ҷамшед Исоев дар равияҳои рапид ва классикӣ низ бозӣ намуд, вале бурд накардааст. Дар равияи рапид бо 4 хол дар ҷои 16-ум, дар шоҳмоти классикӣ бошад, бо 5 хол дар ҷои 9-ум мавқеъ гирифт.

Ба варзишгароне, ки дар шоҳмоти классикӣ, аз 50-сола боло то 6-ум ҷой, аз 65-сола боло то 5-ум ҷойро сазовор шуданд, ҷоизапулӣ дар ҳаҷми аз 100 то 500 доллари ИМА тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0