ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон Содиқ Имомӣ дар ҳайати мансабдорони воломақоми Узбакистон аз вилояти Фарғона боздид кардааст.
Ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҳайъати мансабдорон аз мушовири Президенти Узбакистон Худойбергенов, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Узбакистон, Неъматов ва ҳокими вилояти Фарғона Ғаниев аз вилояти Фарғона иборат будааст.
Бояд зикр намуд, ки ноҳияи Сухи вилояти Фарғона яке аз ноҳияҳои дурдасти вилоят ба шумор меравад, ки 80 ҳазор аҳолӣ дорад ва 99 дарсади онро тоҷикон ташкил мекунанд.
Дар ҳудуди ноҳия 29 мактаби таълимашон ба забони тоҷикӣ амал мекунанд.
"Дар рафти сафар маросими ифтитоҳи иншоотҳои нав аз ҷониби Ҳокимияти вилояти Фарғона сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки пас аз боздид аз деҳаи тоҷикнишини ноҳияи Фарғона, ин ҷо корхонаи истеҳсоли пойафзол ифтитоҳ ёфтааст.