Ҳукумат иншооти нави махсусан муҳими Тоҷикистонро тасдиқ карду сабукӣ дод-акс

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон маҷмааи бунёдшавандаи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаро ба феҳрасти иншооти махсусан муҳим шомил карда, сабукиҳо ироа намуд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи август бо имзои қарори Ҳукумат сохтмони биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаро ба рӯйхати иншооти махсусан муҳим ворид кард.

Бар асоси қарор, масолеҳи сохтмонию таҷҳизоте, ки барои бунёди ин иншооти махсусан муҳим ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЛоиҳаи Маҷмааи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумат иншооти нави махсусан муҳими Тоҷикистонро тасдиқ карду сабукӣ дод-акс - Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи Маҷмааи биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ба расмиятдарории молеро, ки барои бунёди иншооти махсусан муҳим ворид карда мешаванд, назорат намояд.

Эмомали Рахмон и Бег Сабури на открытии в Кулябе Дворца водных видов спорта - Sputnik Тоҷикистон
Зиёфати Президент дар хонаи нави оилаи Бег Сабур дар кӯчаи Сангак Сафаров

Сохтмони маҷмааи нави биноҳои маъмурии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2015 бо ҳузури раисиҷумҳур оғоз гардида буд. Бар асоси гузориши расмӣ, ин маҷмаа бояд дар давоми 3 сол бо харҷи беш аз 630 миллион сомонӣ сохта мешуд.

Бар асоси лоиҳаи сохтмон, маҷмаа аз як бинои 30-ошёна ва ду бинои 25-ошёна иборат хоҳад буд ва барои Хадамоти алоқа, идораҳои марказии Тоҷиктелеком ва Почтаи Тоҷик пешбинӣ шудааст. Тибқи нақшаҳои пешакӣ идораҳои марказии тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҳам хусусии соҳаи алоқа метавонанд дар ин ҷо ҷойгир шаванд ва ё намояндагиҳои худро боз кунанд.

Пеши мардум ҷавоб гӯянд: даъвати раисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ ба парлумон

Дар 5 ошёнаи аввали биноҳо ҷойгир намудани марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, ки дорои садҳо ҷойи корӣ хоҳанд буд, таъкид шуда буд, зимни муаррифии лоиҳа ба Эмомалӣ Раҳмон.

Дар 3 ошёнаи зеризаминии бино барои қариб 400 мошин истгоҳ пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0