ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Дар кӯҳҳои Арманистон хирси ваҳшӣ ба ҷуфти ҷавон ҳамла кардааст. Дар натиҷа, ҷавон барои наҷот додани арӯсаш бо ҳайвони ваҳшӣ ба рақобат даромада ҳамроҳи ӯ аз кӯҳ сарозер шудааст, хабар медиҳад Sputnik Арманистон.
Рӯзи шанбе, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ҳамлаи хирсаи ваҳшӣ ба ҷаҳонгардони лаҳистонӣ хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, тақрибан соати 14:26 бо вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Лаҳистон Марго Ж. барои кумак ба рақами "911" муроҷиат кардааст. Ӯ хабар дод, ки ҳамроҳи рафиқаш ба кӯҳи Арагатс баромадаанд ва ба онҳо хирс ҳуҷум кардааст. Ӯ гуфтааст, ки шавҳаршавандааш захмӣ шудааст ва ба ёрии пизишкон ниёз дорад. Ба ҷои ҳодиса намояндагони КҲФ сафар кардаанд.
Марди дучархасавор дар Монтана аз дасти хирс ҳалок шуд
Бино ба нақли Sputnik Арманистон шаҳрвандони Лаҳистон барои сайёҳат ба кӯҳи Арагтс баромада, ба онҳо хирси ваҳшӣ дарафтодааст. Ҷавон барои наҷоти арӯсаш бо хирс ба рақобат мебарояд ва ҳамроҳи ҳайвони ваҳшӣ аз баландии 3500 метр сарозер мешавад.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҷасади ҷавонро пайдо кардаанд, вале бино ба маълумоти пешакӣ хирс зинда мондааст ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.