ДУШАНБЕ, 14 сен - Sputnik. Озмун ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузорр шудааст.
Бино ба гузориши Кумитаи кор бо ҷавонони вилоят, озмун аз рӯи номинатсияҳои оҳангсоз, сароянда, навозанда, шоир ва ровӣ баргузор шудааст.
"Дар озмуни мазкур шоирон, композиторон, сарояндагон, навозандагон, ровиёни ҷавони соҳибистеъдод, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ ба ҳакамон ва тамошобинон пешниҳод намудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона аз мақсадҳои дигари озмун гуфта шудаанд.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки озмун барои дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон доир гардидааст.