Сарояндаи лаҳистонӣ бо иҷрои суруди Далер Назаров мардумро ба ваҷд овард

© © Sputnik / Амир ИсаевПевица из Польши Анета Фигель
Певица из Польши Анета Фигель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Овозхони лаҳистонӣ Анита Фигел дар "Шоми дӯстии Тоҷикистону Полша" бо иҷрои суруди маэстро Далер Назаров - "Чак чаки борони баҳор", тоҷиконро ба ваҷд овард

ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Шоми 12 сентябри соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барномаи фарҳангӣ таҳти унвони "Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша" баргузор гардид.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, чорабиниро муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сафири Полша дар Тоҷикистон Пётр Ивачкович ифтитоҳ бахшида, оид ба рушди ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар, аҳамияти чорабиниҳои фарҳангӣ дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ байни халқҳо ҳарф заданд ва меҳмононро ба чорабинӣ хайрамақдам гуфтанд.

© © Sputnik / Амир ИсаевВечер дружбы Таджикистана и Польши
Сарояндаи лаҳистонӣ бо иҷрои суруди Далер Назаров мардумро ба ваҷд овард - Sputnik Тоҷикистон
Вечер дружбы Таджикистана и Польши

Гуфта мешавад, ки ҳунарпешаҳои Ансамбли рақси миллии назди Академияи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Юзеф Пилсудскийи Лаҳистон бо рақсҳои шӯху ҷаззоби мардуми Полша, Ансамбли рақсии "Парасту"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев бо арғушти дилрабо ва мавзуни худ қалби тамошобинонро тасхир намуданд.

Манбаъ афзуда, ки сурудхонии сарояндаи номии лаҳистонӣ Анита Фигел, инчунин овозхонони Филармонияи давлатии Тоҷикистон Гулпарӣ Орифова ва Алишер Қаноатзода барномаи консертиро боз ҳам рангинтар гардониданд.

"Хусусан иҷрои суруди машҳури "Чак-чаки борони баҳор" аз ҷониби сарояндаи лаҳистонӣ Анита Фигел ҳозиринро ба шавқ оварда, боиси нидоҳои беохири "Офарин" ва кафкӯбиҳои дурудароз гардид", - омадааст дар хабарнома.

© © Sputnik / Амир ИсаевВечер дружбы Таджикистана и Польши
Сарояндаи лаҳистонӣ бо иҷрои суруди Далер Назаров мардумро ба ваҷд овард - Sputnik Тоҷикистон
Вечер дружбы Таджикистана и Польши

"Шоми дӯстии Тоҷикистон ва Полша" хотири дӯстдорони санъати аксбардориро низ шод гардонидааст.

Дар даромадгоҳи театр намоишгоҳи аккосӣ таҳти унвони "Тоҷикистон дар асри XIX аз дурбини Леон Баршчевский" ташкил гардида буд, ки дар он осори аксбардори мазкур аз ҳаёти мардуми Дарвоз, Ҳисор, Бухоро ва Самарқанд дар асри XIX ба маъраз гузошта шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0