Бидуни музокира: шамол баҳси марзии Тоҷикистону Қирғизистонро "ҳал" кард

© Фото : Зульфия ТургуноваМестные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазиши шамоли сахти рӯзи 5 -уми сентябр хаймаҳои сокинони Орта-Бози Қирғизистонро, ки дар ҳудуди заминҳои деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара воқеъ буданд шикаставу рабурдааст. Ин ҳодисаи табиӣ дар бартараф шудани як баҳси сарҳадӣ боис гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Насби худсаронаи чунин хаймаҳои фурӯши сабзавот дар ҳудуди замини хоҷагиҳои деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара аз ҷониби сокинони деҳаи Орта-Бози Қирғизистон, дар рӯзи 3-уми сентябр сурат гирифта,  сабаби рухдоди як муноқишаи марзӣ шуда буд. 

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Вазъи марз: қирғизҳо аз бозорсозӣ даст кашиданд, аммо хаймаҳоро набурдаанд

Рӯзи 4-уми сентябр дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо, қирғизҳо аз  амалкарди худсаронаи  худ сари сохтмони бозори фурӯши сабзавот даст кашиданд, вале хаймаҳояшонро аз ду канори роҳи Исфана-Ош, аз ҳудуди заминҳои деҳаи Хоҷаи Аъло набардоштанд. Баъди гуфтушунид ҳам боқӣ мондани чодарҳо, сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ро нигарон карда буд.

Аммо сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло мегуянд, вазиши шамоли рӯзи 5-уми сентябр  билохира ин нигаронии онҳо ва ҷойдошти баҳси марзӣ бо сокинони деҳоти Ботконро  бартараф кардааст.

“Ҳарорати ҳаво тағйир ёфту рӯзи 5-уми сентябр вазиши шамол ба вуҷуд омад. Пагоҳ саҳарӣ дидем, ки шамол ҳама хаймаҳоро дарронда, ҳатто арматураю дигар оҳанпояҳоро  шикастааст.  Худо ба шукр, ҳоло баъди ин, вазъи марз ором аст ва сокинон ҳама саргарми кору зиндагии худ ҳастанд”, - гуфт Нодира Авезова, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло.

Кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон миёни ҳам  976 километр марзи муштарак доранд, аммо аз ин ҳисоб танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳоло наздик ба 50 % и сарҳади давлатӣ миёни деҳоти ин ду ҳамсоякишвар номуайян боқӣ мондааст. Чунин номуайянӣ, то ин дам борҳо дар рухдоди танишу муноқишаҳо сари тақсими замину об дар марз сабаб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0