Чаро қаҳрамонҳои миллати тоҷик дар оромгоҳи Донски шаҳри Маскав дафн шудаанд – навор

Обуна шудан
Дар қабристони Донски шаҳри Маскав се абармарди тоҷик мадфунанд, ки дуи онҳо баъди марг ба унвони қаҳрамони халқи тоҷик сарфароз гардонида шудаанд

Қабристони “Донск” дар назди дайри (манастир) Донск ҷойгир шудааст. Ҳоло дар маркази он маъбади Серафима Саровский ва Анна Кашинский ҷойгир шудаанд. Дар ин ҷо қурбониёни сиёсатбозиҳои солҳои 30-50-уми асри гузашта дафн шудаанд.

Дар ин қабристон лавҳае мавҷуд аст, ки дар он “Қабри умумии №1” ("Общая могила №1”) навишта шудаасст  ва дар он ҷо хикистари қурбонҳои сиёсатҳои солҳои 30-40-ум дафн шудаанд. Болои ин қабри умумӣ пур аз лавҳаҳои навиштаи номҳои дар он ҷо мадфун мебошад. Сол аз сол ин навиштаҳо зиёд шуда истодаанд.

Главный вход в Донское кладбище - Sputnik Тоҷикистон
Охирин макони инқилобчиён: қаҳрамонҳои Тоҷикистон дар кадом оромгоҳи Маскав мехобанд

Аз рӯи ҳисобҳо дар ин ҷо тайи солҳои 1930-1942 зиёда аз 4 ҳазору 200 нафар сӯзонида, хокистарашон партофта шудааст. Ҳамаи онҳо қурбонии таъқиботи режими сталинӣ шуда, душмани миллат эълон шуда буданд. Онҳоро аввал мепарониданд ва баъдан дар он ҷо оташ зада, хокистарашонро дар беруни он бино мепартофтанд.

Миёни ин қурбониён се абармарде, ки дар роҳи ташкил ва пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои беназир карда буданд мадфунанд. Инҳо – Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Ниссор Муҳаммад – қаҳрамонҳои миллати тоҷик мебошанд, ки бо шарофати онҳо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии алоҳида шинохта шуд.

Ҳамаи буҳтонҳое, ки дар ҳаққи шахсони аввали ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 30-юм карда шуда буданд, беасос дониста шудаанд. Онҳо сафед шуданд. Ягонтои онҳо дар ташкили ақидаҳои зиддишӯравӣ иштирок накарда буданд, баръакс баҳри пешрафти ҳукумати вақти фаъолиятҳои самаранок карда буданд.

Ҳамаи қурбониёни солҳои 30-юм аз Тоҷикистон, аз ҷумла Шириншоҳ, Нусратулло ва Нисор алакай дар солҳои 50-60-уми асри гузашта сафед шуда буданд.

Ҳоло болои қабри умумии №1 дар гуристони Донск дар шаҳри Маскав, ки дар он ҷо ин се родмарди миллати тоҷик хобанд, пур аз гулдастаҳо мебошад.  Дар бораи онҳо чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия ёдовар мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0