Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоевро ба Нур-Cултон даъват кард

© Государственная Дума Федерального Собрания РФПредседатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев
Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси палатаи болии Парлумони кишвар зимни мулоқот бо сафири Қазоқистон хостори таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар шудааст

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст, Наврӯз Қурбонзода Ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ.

Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллиро баргузор кард

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот, Маҳмадсаид Убайдуллоев мавсуфро ба ҳайси Сафир таъин гардиданаш шодбош гуфта ба ӯ муваффақиятҳо таманно намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, махсусан равобити мутақобилан муфиди парламентиро барои тақвияту тасеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо бо татбиқи нақшаҳои мушаххаси бархӯрди ҳадаф ва манофеи тарафҳо муҳим арзёбӣ ва мувофиқи мақсад шуморид.  

Раиси палатаи болии Парлумони кишвар изҳори итминон намуд, ки дар густариши робитаҳои доманфарохи шарикии стратегии кишварҳо, бахусус дар самти саноатию инноватсионӣ ҷаноби сафир тадбирҳои муассир хоҳад андешид.

“Бо дахли масоили ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар сатҳи институтҳои минатқавию байналмилалии амалкунанда Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мавзеъгириҳои муштарак нек ёдовар шуда, афзуданд, ки баргузории Ҷаласаи чоруми Раисони парламентҳои кишварҳои Авросиё дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Нур-Cултон собитгари рушди институти парламентаризм дар ҷаҳони муосир мебошад”, - таъкид анмудааст манбаъ .

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Таджикистана Махмадсаид Убайдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Убайдуллоев дар Маскав аз шаклҳои нави ҳамкории байнипарлумонӣ гуфт

Аскар Тоҷибоев дар навбати худ зимни мулоқот, омодагии худро барои андешидани чораҳои воқеӣ барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо дар густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа баён дошт.

Дар ҳамин ҳол, аз раиси Маҷлиси миллӣ даъват карданд, ки барои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ ба Қазоқистон сафари расмӣ анҷом диҳанд.

Сафири Қазоқистон изҳор намуданд, ки барои татбиқи масъалаҳое, ки зимни мулоқот бо раиси Маҷлиси миллӣ матраҳ шуд, дар доираи ваколатҳояш ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0