Ноамнӣ дар марз: ин навбат сокинони қирғиз бо низомиёни узбак вориди даргирӣ шуданд

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар марзи Қирғизистону Узбакистон миёни низомиёни узбак ва сокинони наздимарзии қирғиз муноқиша бархостааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар қисмати сарҳади Қирғизистону Узбакистон дар минтақаи обанбори Керкидан миёни сокинони маҳаллӣ ва артиши Узбакистон муноқиша рух додаст, хабар медиҳад сомонаи Sputn ik Қирғизистон.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода бо ваколатдори Қирғизистон масъалаи марзиро баррасӣ кард

Манбаъ меафзояд, дирӯз намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Узбакистон, ба кашидани симхори сарҳад шурӯъ карданд. Аммо ин иқдоми низомиёни узбак боиси норизогии сокинони наздимарзии Қирғизистон шуд, ки дар натиҷа миёни ду ҷониб муноқиша бархост.

Вазъи марз: қирғизҳо аз бозорсозӣ даст кашиданд, аммо хаймаҳоро набурдаанд

Низомиёни Узбакистон мегӯянд, онҳо дар маконе хостанд симхор гузоранд, ки пас аз созишномаи дуҷониби ба ҳудуди кишварашон дохил мешуд.

Аммо сокинони қирғиз бар инанд, ки макони мазкур то ҳол аломатгузорӣ нашудаст ва онро набояд ҷонибе ба мансубияти кишвари худ шомил кунад.

Зимнан гуфта мешавад, ки пас аз сар задани задухӯрд миёни низомиён ва афроди мулкӣ ба макони даргирӣ ҳокими ноҳияи Араван Қурбонбек Айтибеков ташриф овард.

Навори муноқишаи миёни тоҷикону қирғизҳо: "ӯ метавонад маро кушад" - видео

Хабар дода мешавад, ки мақомоти амниятӣ миёни сокинони ҳар ду тараф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, таҷаммӯъи мардумро пароканда намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сар аз 13 то 15- уми сентябр дар робита ба Иди Моҳ дар Чин сарҳади Қирғизистон- Чин масдуд хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0