Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири тозатаъини Олмон - Андреас Протманн

© акс аз сомонаи ВУХ ТоҷикистонСафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн
Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Андреас Протманн, сафири Олмон дар Душанбе густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Анреас Протманн имрӯз, 11 - уми сентябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таманниёти Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири нави Покистон дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти сафир бо вазир: густариши муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА

"Дар рафти мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Олмонро мавриди муҳокима қарор доданд", - омадааст дар иттилоия. 

Гуфта мешавад, дар фарҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Андреас Протманн дар фаъолияти минбаъдаи касбиаш муваффақият таманно кард.

Лентаи хабарҳо
0