ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт ба имзо расидааст.
Дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, новобаста аз шакли моликияту тобеияти идоравӣ дар атрофи бинои худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахту буттаҳо, гулҳои мавсимӣ ва бисёрсоларо дар давраҳои зикршуда ба роҳ монанд.
Раиси шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро вазифадор намуд, ки барои сари вақт иҷро намудани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои ободониву сабзазоркуниро бо сифати баланд ва мутобиқ ба замони муосир анҷом диҳанд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шудааст.