Президент теъдоди сокинони Кӯлоб ва мушкили асосияшонро гуфт

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Кӯлоб гуфт, то ҳанӯз дар шаҳр ва деҳаҳои он як қатор мушкилоту масъалаҳое вуҷуд доранд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинон гуфт, мушкилоти ҷиддии шаҳру деҳоти Кӯлоб нарасидани оби нӯшокӣ мебошад.

Истиқболи Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон
Пешвозу истиқболи бошукӯҳи Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб - Акс

"Зеро солҳои охир маҳаллаҳои навбунёд дар атрофи шаҳри Кӯлоб зиёд гардида, дар аксари онҳо иншооти зарурии обтаъминкунӣ бунёд карда нашудаанд", - тавзеҳ дод раисиҷумҳур.

Ӯ афзуд, тибқи таҳлилҳо аҳолии шаҳри Кӯлоб сол ба сол афзоиш ёфта, дар даврони истиқлол қариб 70 ҳазор нафар зиёд шудааст ва ҳоло шумораи сокинони он беш аз 213 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

"Бинобар ин, зарурат пеш омадааст, ки дар шаҳр даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шаванд. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шуд, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андозҳо ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд", - иттилоъ дод раисиҷумҳур.

Вазъи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ташвишовар будааст

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, итминон дорад, ки солҳои наздик минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои судовар ба рушди шаҳри Кӯлоб ва минтақа такони ҷиддӣ бахшида, боиси таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва баланд шудани некӯаҳволии сокинон мегардад.

Дар масъалаи беобӣ раисиҷумҳур таъкид намуд, ки Ҳукумат чанде пештар бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ба мувофиқа расид ва татбиқи лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ баҳори соли 2020 оғоз мегардад.

Лентаи хабарҳо
0