ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар вилояти Намангон алайҳи як зан, ки ба якборагӣ ду кӯдаки навзодро аз тирезаи таваллудхона ҳаво додаст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст. Яке аз ин ду кӯдаки навзод, фарзанди худаш будаст.
Бар хабари Додситони кул, субҳи рӯзи 9 - уми сентябр аз назди ҳавлии таваллудхонаи вилоят ду кӯдаки навзодро зинда пайдо карданд.
Ба ман деҳ, напарто: муҳоҷири тоҷик тифли семоҳаеро наҷот дод
Пас аз пайдо шудани кӯдакони навзод, пизишкони беморхона онҳоро фавран ба шӯъбаи эҳёгарӣ интиқол доданд, вале наҷот додани ҷони тифлон ба пизишкон муяссар нашуд.
Зимнан маълум гардид, ки ҳар ду кӯдаки навзодро сокини 23– сола, модари яке аз ин ду тифли навзод аз тирезаи зоишгоҳ ба берун ҳаво додаст.
Ин зан ба далели он ки фарзандаш бо нуқси модарзод таваллуд шуд, хост аз ӯ халос шавад ва барои муайян нашудани ҷинояташ навзоди дигарро, ки дар ҳуҷраи онҳо хоб буд, гирифта ҳамроҳ бо духтарчаи худ ба берун партофтаст.
Муҳоҷири тоҷик навзоди семоҳаро, ки марди маст аз тиреза ҳаво дод, қапид - акс
Гуфта мешавад, модари бераҳм кӯдакони навзодро аз ошёнаи дуюми бинои таваллудхона аз тиреза ҳаво додаст ва онҳо зинда монданд, вале бо гузашти чанд муддат ҳар ду кӯдак фавтиданд.
Феълан алайҳи зани 23- сола, тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Узбакистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида ба зан маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 25 сол таҳдид мекунад.