Аълоҳазрат Оқохони IV имрӯз вориди Тотористон мешавад

© Foto / Aga Khan Development NetworkПринц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аълоҳазрат Оқохони IV, Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон ва муаллифи Ҷоизаи бонуфузи меъморӣ имрӯз вориди Тотористон мешавад

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Сафари Шоҳзода Оқохони IV ба Ҷумҳурии Тотористон то рӯзи шанбе идома меёбад, хабар медиҳад сомонаи Татар-Информ.

Принц Карим Ага-хан IV  - Sputnik Тоҷикистон
Барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ муайян шуданд

Бар хабари манбаъ, Оқохони IV дар ҷараёни сафари хеш аз шаҳрҳои Булғору  Кремли Қазон боздид намуда, дар рафти супоридани ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохони IV оид ба меъморӣ барои соли 2019 иштирок хоҳад кард.

Табақу гӯшаи Ислом ва туҳфаҳои Президент: боздидҳои Алӣ Муҳаммад Оқохон дар Душанбе-акс

Гуфта мешавад, Оқохони IV ҳамроҳи раисиҷумҳури Тотористон, Рустам Минниханов ва мақомдорони баландпояи кишварҳои дигар дар маросими мазкур ширкат меварзанд.

Шиносоӣ бо таърихи Тотористонро Шоҳзода Оқохони IV аз рузи панҷшанбе бо боздид намудан аз шаҳри Булғор оғоз мекунад. Зимнан, тибқи нақша, Аълоҳазрат аз шаҳраки Булғор, Академияи исломии ин шаҳр ва Масҷиди Сафед низ боздид ба амал меорад.

Манбаъ меафзояд, маросими супоридани ҷоиза рӯзи 13 - уми сентябр дар бинои Академияи опера ва балет дар Қазон баргузор мешавад.

Барандагони ҷоизаи Аълоҳазрат Оқохон оид ба меъморӣ муайян шуданд

Ғолибони ин ҷоизаи бонуфуз як миллион долларро миёни худ тақсим хоҳанд кард.

Как встретили сына Принца Ага-Хана в Рушанском районе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Рӯшон ба Шоҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон тоқӣ ҳадя карданд - видео
Миёни барандагони ҷоиза - Тарҳи бозсозии шаҳри Муҳаррак дар Баҳрайн, Тарҳи таълимии "Arcadia" дар Бангладеш, Осорхона дар шаҳри Бирзеити Фаластин, Барномаи рушди фазои ҷамъиятӣ дар Тотористони Федератсияи Русия, ки дар доираи он 328 тарҳи бозсозии боғу гулгаштҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шудааст, муаррифӣ гардиданд.

Ҳамчунин қисмате аз Донишгоҳи ба номи Алиуна Диопа дар шаҳри Бомбай, Боғи "Wasit" дар шаҳри Шарҷаи Амороти Мутаҳидаи Араб низ миёни тарҳҳои беҳтарини меъморӣ номбар шудаанд.

Имсол кори барандагони озмун аз ҷониби нӯҳ довар аз ҳисоби коршиносон ва меъморони шинохтаи ҷаҳонӣ баҳогузорӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0