Дар Панҷакент падарандар фарзанди ӯгайи худро лату кӯб намуда кушт

© PixabayАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани сокини шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ки дар куштори фаранди ӯгайи худ даст доштаст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 6- уми сентябри соли равон рух додаст.

Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Бо фармоиши вазир милисае, ки занро латукӯб кард аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд

Манбаъ меафзояд, марди 35- сола, сокини деҳаи Сучинаи шаҳри Панҷакент, ки қаблан низ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон доғи судӣ доштааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Сатторов аз “Воҳиди махсус” гуфт, чаро занро дар Душанбе латукӯб кард – видео

"Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо ӯро лату кӯб мекардааст", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан, қайд мегардад, ки рӯзи 6- уми сентябри соли равон номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябри соли равон ба ҳалокат расидааст.

"Шавҳари судшуда барои латукӯб зани 23-солаашро кушт”

ВУД мегӯяд, феълан нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0