ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Олимзода бо нашри як мақола изҳор доштааст, ки имрӯз беҳтарин дастовардҳои тибби ҷаҳонӣ на танҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар деҳаҳои дурдасттарини мамлакат низ ба аҳолӣ дастрас мебошанд.
Вазири тандурустӣ таъкид намуд, ки солҳои охир дар баробари коҳиш ёфтани шумораи шаҳрвандони кишвар, ки барои анҷом додани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба хориҷ сафар менамоянд, теъдоди хориҷиҳое, ки барои гузаштан аз амалиёти ҷарроҳӣ ба Тоҷикистон меоянд, зиёд шуда истодааст.
“Аз ҷумла, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ба 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудаанд, ки аз ин шумора 29 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 37 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 31 нафар аз Исроил ва боқимонда аз дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик мебошанд”, - навиштааст вазир.
Олимзода тавзеҳ додааст, ки агар дар соли 2014 дар Тоҷикистон 150 ҳазор амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуда бошанд, дар соли 2018 дар кишвар ин шумора ба 273 186 ҳазор расидааст, ки ба гуфтаи вазир ин омор гувоҳи рушди соҳаи ҷарроҳӣ мебошад.
Вазири тандурустӣ иттилоъ додааст, ки айни замон дар Тоҷикистон 18 ҳазору 716 табиб ва 51 ҳазору 788 корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Ӯ илова намудааст, ки имрӯз дар соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ 142 доктор ва 496 номзади илми тиб фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 302 нафар номзади илми тиб ва 61 доктори илми тиб дар самти ҷарроҳӣ кор мекунанд.