Ваъдаи Русия аз сохтмони панҷ нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар Қирғизистон

© Foto / Пресс-служба ОАО "Сангтудинская ГЭС-1"Сангтудинская ГЭС
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Русия бо ишора ба барномаҳои ин кишвар дар Қирғизистон, аз омодагии комил барои сохтмони панҷ нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Сергей Приходко, муовини раиси дастгоҳи иҷроияи ҳукумати Русия бо ишора ба лоиаҳое ин кишвар дар Қирғизистон изҳор дошт, Маскав ҳамчунон алоқаманд ба сохтмони 5 нерӯгоҳи барқӣ - обӣ дар ин кишвар аст, аммо барои иҷрои ин барномаҳо  мақомоти Қирғизистон бояд чанд қонунро риоят кунад.

Фаъолсозии чархаи дуюми НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Шодии тоҷикон: гузориши аксӣ аз фаъолшавии чархаи дуюми НБО "Роғун"

Тавре хабаргузории РИА “Новости” хабар додааст, Сергей Приходко таъкид намудааст, ки агар мақомоти Қирғизистон ҳазинаҳои ширкати “Русгидро” ба арзиши 37 миллион долларро пардохт кунад ва маблағи лоиаҳо байни ду кишвар тақсим шавад, Русия омодаи сохти нерӯгоҳҳои обӣ  хоҳад буд.

Инчунин ба гуфтаи мақомдори рус, масъалаи сохтмони нерӯгоҳи “Қамбарота” низ бо мақомоти Қирғизистон моҳи июни соли 2019 зимни мулоқоти дуҷонибаи мутахассисон баррасӣ шуда буд. Ширкати “Интер РАО” дар сурати аз нигоҳи иқтисоди самаранк будани лоиҳа, омода аст сохтмони нерӯгоҳи “Қамбарота” роҳандози намояд.

Ёдрас мешавем, ки тавофуқномаи сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург миёни Русияву Қирғизистон дар соли 2012 тасвиб шуд.

Лентаи хабарҳо
0