ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маҷмӯаи нави ашъори олим ва шоири тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон бо номи "Паёми нур" дар остонаи таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии ва ба ифтихори оғози кори чархаи дуюми бузургтарин иншооти Тоҷикистони соҳибистиқлол – Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба чоп расидааст, хабар дод "Ховар".
Ба итилои манбаъ, маҷмӯаи ҷадиди ашъори Ҳасани Султон аз тарафи Муассисаи нашриётии "Дониш"-и Академияи илмҳо ба нашр расида, ба маҷмӯа президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ сарсухан навиштааст.
Таъкид шудааст, ки дар сурудаҳои маҷмӯа, бахусус "Машъали номус", "Маъбади Хуршед", "Армуғони бахти ширин", "Боргоҳи нури ишқ", "Арсаи мардони мард", "Ҳафт хони Рустаму Исфандиёр", "Нури ҷон", "Муждаи рӯзи нишот", "Боргоҳи ифтихор", "Ахтари иқбол", "Шуълаи имон", "Нури гулханҳои хомӯш", "Оташи ҷовид", "Аз Суруди оташкадаи Каркӯй то суруди неругоҳи Роғун", "Шаш чархаи Роғун – шаш чархаи гардун" ва ғайра аҳамияту бузургӣ ва шукӯҳу ҳашамати ин сохтмон, инчунин шуҷоату корнамоии бунёдкорони он бо беҳтарин сифатҳо тасвиру тавсиф гардидаанд. Аз ҷумла, НБО-и "Роғун" ба нақши бошукӯҳи Бесутун, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ташбеҳ дода шудааст.
Аз Алимардон то раиси "Сомонӣ – А": кистанд 13 нафаре, ки “Роғун”-ро назорат мекунанд?
Манбаъ афзуд, дар сурудаҳои маҷмӯа ҳамчунин нақши меҳварии Эмомалӣ Раҳомн, раисиҷуҳмури Тоҷикистон дар бунёди неругоҳ таъкид гардидааст.