Панҷоҳ соли сохтмони Роғун: аксҳои таърихӣ

Обуна шудан
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бузургтарин лоиҳаи сохтмонӣ дар Осиёи Марказӣ аст, ки таърихи тақрибан ним аср дорад

Чархаи дуюми нерӯгоҳи барқӣ- обии Роғун имрӯз 9 - уми сентябри соли 2019 дар рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

На стройплощадке Рогунской ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон
Навори фаъолсозии чархаи дуюми “Роғун” ва суханронии раисиҷумҳур - видео

Барои ба кор андохта шудани чархаи дуюми ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон бисёр воқеаи муҳим аст.

Муҳимияти он на танҳо дар он зоҳир мешавад, ки яке аз калонтарин нерӯгоҳҳои барқӣ - обии ҷаҳон ба истифода дода шуд, балки ифтитоҳи он ин ғалабаи маънавӣ аст, зеро сохтмони он ҳанӯз аз соли 1970 шурӯъ шуда, акнун ба натиҷаҳои муваффақ ноил гардид.

Аз дудилагии Раҳмон то дастури қатъӣ ба Расулзода: кори намешуданӣ нест-акс

Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин — Роғун соли 1976 сар шуда буд. Ҳарчанд нахустин лоиҳаи техникии нерӯгоҳ соли 1974 тасдиқ ёфта буд, вале корҳои сохтмонӣ дертар шурӯъ шуданд.

Танҳо дар марҳилаи аввал, зиёда аз 300 корхонаи ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар кори ин лоиҳа ширкат варзиданд. Дар мавзеи НБО-и ояндаи Роғун беҳтарин муҳандисон, сохтмончиёни тамоми гӯшаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кор мекарданд.

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Баландии сарбанд ва ҳаҷми об дар обанбори "Роғун"-ро ба раисиҷумҳур гуфтанд

 Барои давом додани сохтмони НБО Роғун  Ҷумҳурии Узбакистон зиддият нишон дода буд валебо гузашти чанде ва пас аз иваз шудани роҳбарияти ин кишвар мавқеи Узбакистон дар робита ба сохтмони нерӯгоҳи азими барқӣ- обии Роғун комилан дигар шуд.

Раҳмон: он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон ба давлати нерӯманду пешрафта табдил меёбад

Лоиҳаи нерӯгоҳи барқӣ - обии Роғун ​​аз ҳама ҷиҳат мушкилӣ дошт. Нахуст макони сохтмон дар шароити мураккаби релефӣ ҷойгираст. Гузашта аз ин Роғун дар минтақаи фаъолияти сейсмикӣ ҷойгир буда, сангҳои он осебпазиранд ва дар зери дарёи Вахш конҳои калони намакҳои сангӣ мавҷуданд, ки дар шароити номаълум онҳо метавонанд бо ҷараёни тези рӯди Вахш шуста шаванд.

Дуюм, худи сохтмони сарбанд танҳо як ҷузъи хурди тамоми лоиҳа ба ҳисоб меравад, зеро бунёди тамоми инфрасохтор: роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, нақбҳо низ зарур аст.

Фаъолсозии чархаи дуюми НБО Роғун - Sputnik Тоҷикистон
Шодии тоҷикон: гузориши аксӣ аз фаъолшавии чархаи дуюми НБО "Роғун"

Маҳз мавҷуд будани чунин мушкилот, арзиши  лоиҳаи сохтмонии ин нерӯгоҳ бисёр гарон буда, танҳо соли гузашта аз буҷаи кишвар барои идомаи корҳои сохтмонӣ 220 милдлион доллар ихтисос дода шуд.

Аммо бар ивази нархи гарони лоиҳа, муҳим ин аст, ки  НБО Роғун ба Тоҷикистон мустақилияти пурраи энергетикӣ медиҳад.

Гузашта аз ин нерӯгоҳи мазкур кишварҳои ҳамсояро низ бо  нерӯи барқ таъмин мекунад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, НБО Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Сарбанди он 335 метр буда, дар назар аст, ки лоиҳаи пурраи сохтмони шаш агрегат то соли 2029 ба анҷом расад.

© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкТаърихи НБО Роғун дар аввали солҳои 70-ум, вақте ки экспедитсияҳои аввалини иктишофӣ ба дарёи Вахш фиристода шуда буданд, оғоз ёфт.
Изыскатели в районе створа будущей Рогунской ГЭС на реке Вахш 1972 год - Sputnik Тоҷикистон
1/20
Таърихи НБО Роғун дар аввали солҳои 70-ум, вақте ки экспедитсияҳои аввалини иктишофӣ ба дарёи Вахш фиристода шуда буданд, оғоз ёфт.
© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкСохтмончиёни НБО Роғун аз болои пули дарёи Вахш мегузаранд (1972).
Изыскатели в районе створа будущей Рогунской ГЭС на реке Вахш 1972 год - Sputnik Тоҷикистон
2/20
Сохтмончиёни НБО Роғун аз болои пули дарёи Вахш мегузаранд (1972).
© Sputnik / А. Горячев / Гузариш ба медиабонкДар манотиқе, ки сохтмони НБО Роғун ба роҳ монда мешавад (1973 год).
В районе строительства будущей Рогунской ГЭС 1973 год - Sputnik Тоҷикистон
3/20
Дар манотиқе, ки сохтмони НБО Роғун ба роҳ монда мешавад (1973 год).
© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкОғози сохтмони нақби дуюми нақлиётии НБО-и Роғун (1983).
Строительство Рогунской гидроэлектростанции на реке Вахш 1983 год - Sputnik Тоҷикистон
4/20
Оғози сохтмони нақби дуюми нақлиётии НБО-и Роғун (1983).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкМошин аз болои пуле мегузарад, ки дар он ҷо сарбанди НБО Роғун ҷойгир хоҳад шуд. Соли 1983
Автомобиль проезжает по мосту, построенному в створе, где будет плотина Рогунской ГЭС. 1983 год - Sputnik Тоҷикистон
5/20
Мошин аз болои пуле мегузарад, ки дар он ҷо сарбанди НБО Роғун ҷойгир хоҳад шуд. Соли 1983
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкКори пурхатари танзимгарон дар сохтмони НБО Роғун
Таджикская ССР. Строительство Рогунской ГЭС на реке Вахш. Работают монтажники-скалолазы. 1986  - Sputnik Тоҷикистон
6/20
Кори пурхатари танзимгарон дар сохтмони НБО Роғун
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкГурӯҳи кӯҳнавардон дар сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш кор мекунанд (1986).
Бригада скалолазов работает на строительстве Рогунской гидроэлектростанции на реке Вахш. 1986 - Sputnik Тоҷикистон
7/20
Гурӯҳи кӯҳнавардон дар сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш кор мекунанд (1986).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкНақби туннелҳо ҳангоми сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш (1986).
Таджикская ССР. Проходка тоннеля во время строительства Рогунской ГЭС на реке Вахш. 1986  - Sputnik Тоҷикистон
8/20
Нақби туннелҳо ҳангоми сохтмони НБО Роғун дар дарёи Вахш (1986).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкКоргарон ҳангоми сохтмони нақби нақлиётӣ lдар сарбанд (1986).
Рабочие во время строительства транспортного тоннеля к плотине. 1986 - Sputnik Тоҷикистон
9/20
Коргарон ҳангоми сохтмони нақби нақлиётӣ lдар сарбанд (1986).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкТаркиши маконе, ки барои сохтмони сарбанди НБО Роғун омода мекунанд (1986).
Взрывники готовят место для строительства плотины. 1986 - Sputnik Тоҷикистон
10/20
Таркиши маконе, ки барои сохтмони сарбанди НБО Роғун омода мекунанд (1986).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкЯке аз хатҳои конвейер, ки бо ёрии он пур кардани сарбанди баландтарин дар дунёи НБО Роғун (1986) анҷом дода мешавад.
Одна из ниток конвейера, с помощью которого будет производиться отсыпка самой высокой в мире плотины Рогунской ГЭС. 1986 - Sputnik Тоҷикистон
11/20
Яке аз хатҳои конвейер, ки бо ёрии он пур кардани сарбанди баландтарин дар дунёи НБО Роғун (1986) анҷом дода мешавад.
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкБулдозер нишеби кӯҳҳоро дар минтақаи сарбанд тоза мекунад (1986).
Бульдозер очищает склоны гор в створе строительства плотины 1986 - Sputnik Тоҷикистон
12/20
Булдозер нишеби кӯҳҳоро дар минтақаи сарбанд тоза мекунад (1986).
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонк1987: Булдозер дар сохтмони нақби нақлиётӣ дар сарбанди НБО Роғун кор мекунад.
1987 год: бульдозер работает на строительстве транспортного тоннеля к плотине Рогунской ГЭС.  - Sputnik Тоҷикистон
13/20
1987: Булдозер дар сохтмони нақби нақлиётӣ дар сарбанди НБО Роғун кор мекунад.
© Sputnik / Всеволод Тарасевич / Гузариш ба медиабонкДеҳаи Нави Роғун, деҳаи бинокорони НБО Роғун
Вид на поселок Новый Рогун, поселок строителей Рогунской гидроэлектростанции - Sputnik Тоҷикистон
14/20
Деҳаи Нави Роғун, деҳаи бинокорони НБО Роғун
© SPUTNIK / STAS ETVESHЗапуск 2 агрегата Рогунской ГЭС
Запуск 2 агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
15/20
Запуск 2 агрегата Рогунской ГЭС
© Sputnik / Гузариш ба медиабонкИдомаи корҳои сохтмонӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
16/20
Идомаи корҳои сохтмонӣ пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
© Фото : Официальный сайт президента РТРаисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар бунёди сарбанд иштирок карда, чандин маротиба ба назди бинокорони нерӯгоҳ ташриф овард.
Эмомали Рахмон на стройплощадке плотины Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
17/20
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар бунёди сарбанд иштирок карда, чандин маротиба ба назди бинокорони нерӯгоҳ ташриф овард.
© Sputnik / Стас ЭтвешСохтмони НБО Роғун дар шароити вазнин сурат мегирад ва аз ин рӯ арзиши он гарон аст. Танҳо дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлат зиёда аз 220 миллион доллар ҷудо карда шуд. Ҳисоб кардани арзиши умумии сохтмон душвор аст. Аммо, муҳим ин ки НБО Роғун ба Тоҷикистон мустақилияти пурраи энергетикӣ хоҳад дод.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
18/20
Сохтмони НБО Роғун дар шароити вазнин сурат мегирад ва аз ин рӯ арзиши он гарон аст. Танҳо дар соли ҷорӣ аз буҷаи давлат зиёда аз 220 миллион доллар ҷудо карда шуд. Ҳисоб кардани арзиши умумии сохтмон душвор аст. Аммо, муҳим ин ки НБО Роғун ба Тоҷикистон мустақилияти пурраи энергетикӣ хоҳад дод.
© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМоҳи ноябри соли 2018 ҳодисае рух дод, ки тамоми кишвар интизори он буданд: чархаи якуми НБО Роғун ба кор дароварда шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро 17 ноябри соли 2018 бо пахши тугмаи оғоз ифтитоҳ кард.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон запустил работу первого агрегата Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
19/20
Моҳи ноябри соли 2018 ҳодисае рух дод, ки тамоми кишвар интизори он буданд: чархаи якуми НБО Роғун ба кор дароварда шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онро 17 ноябри соли 2018 бо пахши тугмаи оғоз ифтитоҳ кард.
© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкСохтмончиён дар ҷашни ифтитоҳи аввалин чархаи гидротехникӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. Ба кор андохтани чархаи якуми Роғун яке аз рӯйдодҳои асосии соли 2018 буд. Тантанаҳо ба ифтихори ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ дар тамоми кишвар баргузор шуданд.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
20/20
Сохтмончиён дар ҷашни ифтитоҳи аввалин чархаи гидротехникӣ дар нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон. Ба кор андохтани чархаи якуми Роғун яке аз рӯйдодҳои асосии соли 2018 буд. Тантанаҳо ба ифтихори ба кор андохтани нерӯгоҳи барқи обӣ дар тамоми кишвар баргузор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0