Ҷудокори 20-солаи тоҷик қаҳрамони Русия шуд

© Sputnik / Владимир АстапковичДзюдо, архивное фото
Дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мулораҷаб Халифаев , ҷудокори тоҷикистонӣ дар ҳайати мунтахаби вилояти Свердлов ҳунарнамоӣ мекунад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Русия дар вазни то 66 кило пирӯз шуда, унвони қаҳрамону медали тилло гирифт

ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Мусобиқаи қаҳравонии Русия 6 сентябр  дар шаҳри Назрани ҷумҳурии Ингушистон баргузор шуда, Халифаев, паҳлавони 20-солаи тоҷикистонӣ, зодаи деҳаи Тагобаи ноҳияи Рашт дар он медали тиллоро ба даст овард.

Чанд хол намерасад? Паҳлавонҳои тоҷик дар раддабандии нави олимпӣ

Таъкид шудааст, ки дар мусобиқаи ниҳоӣ Халифаев бо паҳлавон аз ҷумҳурии Ингушистон майдондорӣ карда, дар даври асосӣ ғолиб маълум нашуд. Қувваозмоӣ дар пайи ба даст овардани холи тиллоӣ  бо пирӯзии паҳлавони тоҷик анҷом ёфт.

Баъди сабқат Халифаев изҳор дошт, ки гарчанде давоми сабқат китфаш сахт дард мекард, ӯ то охир тоқат намуду ба пирӯзӣ ноил шуд. Паҳлавони тоҷикистонӣ ба мураббияш изҳори миннатдорӣ кард.

Ин нахустин пирӯзии Мулораҷаб Халифев дар мусобиқаҳои калони Русия набуда, ӯ 25 майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи ҳавзавӣ дар шаҳри Тюмен унвони қаҳрамон гирифта буд.

Лентаи хабарҳо
0