Нурмуҳаммедов, ки 27 пирӯзӣ дар 27 қувваозмоӣ дорад, дар сабқат бо Дастин Пуаре унвони қаҳрамони ҷаҳонро ҳифз кард.
Қувваозмоии Ҳабиб ва Дастин дар даври сеюм бо пирӯзии Ҳабиб анҷом ёфт. Нурмуҳаммедов дар пайи ҳифзи дубораи унвони қаҳрамонияш дар майдон нахуст ҳамду сано Худоро гуфт ва афзуд, ки “ростӣ намедонам, чаро ин қадар зиёд ҳама чиро дорам”.
“Мехоҳам, шукри Худо гӯям. Ташаккур ба падарам, мураббиям, бародарон, ҳар чизе даром ба шарофати инҳост”, - изҳор дошт Ҳабиб.
Ӯ гуфт, аз хайркории Дастин Пуаре огоҳ аст ва либоси Пуареро, ки дар тан дорад, хоҳад фурӯхту маблағашро ба Бунёди хайриявии ӯ хоҳад гузаронд. Нурмуҳаммедов дар идома аз “девонагӣ”-ҳои сабқати қаблияш бо Конор Макгрегор зикр карда, таъкид намуд, ки бо Пуаре қабл аз қувваозмоӣ низ эҳтиром тарафайн доштанд.
Размикори доғистонӣ илова намуд, ки имрӯз бо Дастин Пуаре ва тими бузургаш нишон доданд, ки ҳунарҳои размии омехта чист. Ба гуфтаи ӯ дар ин бахш ҳурмату эҳтиром рақами аввал мебошад.