ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Ойматов варзишгари ҷавон, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи таеквондо – “WT” дар мусобиқаи байналмилалии “G1 Beirut Open 2019” сазовори медали тилло шуд.
“Мусобиқа аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон 6-8 сентябр дар шаҳри Бейрути кишвари Лубнон доир гашт. Дар қувваозмоиҳо варзишгарон аз 21 давлати дунё иштирок карданд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ аз қавли Федератсияи таеквондо , “WT”-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Муниса Ойматова, ягона намояндаи Тоҷикистон дар вазни -49 кило миёни ҷавонон ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд. Федератсия таъкид кардааст, ки ба ифтихори ӯ дар кишвари Лубнон Суруди миллии Тоҷикистон садо дод, ки туҳфаи арзанда ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Муниса соли 2019 дар 5 мусобиқаи сатҳашон гуногун иштирок карда, ба гирифтани медал мушарраф шудааст. Аз ҷумла, моҳи апрел дар Алмаатои Қазоқистон, моҳи июл дар Сеули Ҷумҳурии Корея медали тилло, моҳи июл дар шаҳри Чунгчони Ҷумҳурии Корея медали нуқра ба даст овардааст.