Акси Ҳабиб бо парчами Тоҷикистон: мухлисони тоҷик ба пирӯзии ӯ бовар доранд

© AP / Jon GambrellХабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье
Хабиб Нурмагомедов во время открытой тренировки c Дастином Пуарье - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори рус, қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов бори дигар мухлисони тоҷикашро хурсанд намудаст

ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Варзишкори машҳури рус Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар ҳалқаи дӯстон ва мухлисонаш аксбардорӣ шудаст. Аснои гирифӣтани акс дар дасти Ҳабиб ва нафарони дар атроф будаи ӯ парчами давлати Тоҷикистон буд.

Акси мазкурро дӯст ва мухлиси тоҷикистонии Ҳабиб Фарух дар сафҳаи Инстаграм партофтаст. Фарух чандин  бор  акс ва наворҳоеро дар сафҳаи худ нашр намуда буд, ки дар он ҷо Ҳабиб бо лаҳни ширини тоҷикӣ ҳарф мегуфт ва мухлисони тоҷикашро дар ҳайрат ва ҳамзамон хурсанд мекард.

Бояд зикр намуд, ки Ҳабибро дар пешорӯйи муҳориба бо ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре  теъдоди зиёди  одамон дастгирӣ ва рӯҳбаланд мекунанд.

Миёни нафароне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навору аксҳо ба хотири дастгирӣ аз каҳрамони рус мегузоранд, теъдоди тоҷикистониён низ кам нест.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

G’s #4 дня до боя. 7 сентября в столице ОАЭ Абу-Даби. Начало вечера запланировано на 18:00 мск. #ufc242

Публикация от King Farruk (@kingfarruh)

"Ҳабиб мо ба ту эътимод дорем", "Мо ба пирӯзият бовар дорем", "Мо бо ту ҳастем", "Ҳабиб дастболо мешавад, Иншоаллоҳ", ба мисли ҳамин паёмакҳо ҳазор тоҷикистониён сафҳаҳои иҷтимоияшонро пур кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл барои дастгирӣ аз Ҳабиб мухлисони тоҷики ӯ махсус наворро сабт намуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карданд.

"Ҳабиб мо мухлисони тоҷик ба пирӯзии ту бовар дорем, зеро иззату ҳурмати туро нисбати худ эҳсос мекунем. Мо тоҷикистониён. Ҳабиб салом аллейкум. Ҳабиб - Ҳабиб - Ҳабиб", фарёд ва қарсак мезананд, мухлисони Ҳабиб аз Тоҷикистон.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Хаба Таджикистан с тобой✊🏼 ин ша Аллах только победа!

Публикация от King Farruk (@kingfarruh)

Ёдовар мешавем, ки муҳорибаи ду варзишкори моҳир Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Дастин Пуаре шаби 7 уми сентябр дар Абу - Дабӣ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0